Ин бозии гурӯҳи «А» 15-уми январ дар Қасри бозиҳои варзишии «Зенит»-и Санкт-Петербург бо ҳузури тахминан 200 тамошобин баргузор шуд. Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Қисми дуввуми бозӣ бо ҳуҷуми футболбозони тоҷик шурӯъ шуд. Фарҳод Тоҳиров, бозигари «Истиқлол» тӯби ба ӯ равонкардаи капитани даста Юсуф Рабиевро дар дақиқаи 46-ум вориди дарвозаи «Искра-Стал» кард ва ҳисобро боз намуд. Вале баъди як дақиқа молдавиҳо ҳисобро баробар карданд. Голи ҷавобиро Киликевич ба самар расонд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «А», дастаи «Интер»-и Озарбойҷон бар дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Ба ин тартиб «Интер» бо се имтиёз дар ин гурӯҳ пешқадам аст. «Истиқлол» ва «Искра-Стал» як имтиёзи ба даст овардаанд. «Нефтчӣ» бидуни имтиёз дар ҷои охирин аст.
Дар даври дуввуми мусобиқот, ки рӯзи 16-уми январ доир мешавад, «Истиқлол» бо «Интер» ва дастаи «Нефтчӣ» бо «Искра-Стал» рақобат хоҳанд кард.
Мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод -2011, бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар даври чаҳорякниҳоӣ, ки 19-уми январ доир мешавад, иштирок хоҳанд кард.