Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом ҷавон ба захираи кадрӣ дохил мешавад?


Раёсати ниҳоди марбут ба омода кардани кадрҳо барои кор дар идораҳои давлатӣ мегӯянд, ки сиёсати кадрии кишвар майл ба ҷавон шудан дорад. Ин ниҳод меафзояд, ихтисосҳои муосир дар шароити феълӣ, талабот ба ҷавонони фаъол ва соҳибзеҳнро афзоиш додаанд.

Аммо, ҷавонони фаъол дар сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ мегӯянд, ки пайроҳаи ворид шудан ба захираҳои кадрӣ ҳамчун хидматчии давлатӣ ҳамвор нест ва ба истилоҳ «нозукиҳо»- и худро дорад.

Пайроҳаи мушкили воридшавӣ ба захираҳои кадрӣ

Нигина 26 сол дорад ва дар яке аз сохторҳои наздик ба ҳукумат 8 сол боз фаъолият дорад. Ӯ фаъолияти худро дар ин идора аз замони донишҷӯӣ шурӯъ кард. Аммо дар давоми ин солҳо мақомдор ҳам нашуд ва аз вазифаи ибтидоияш як қадам ҳам болотар нарафтааст. Ба ибораи дигар, Нигина ҳоло ҳамчун захираи кадрии давлат эътироф нашудааст ва исми ӯро низ ба рӯйхати “захираҳои умедбахш” ворид накардаанд. Ӯ мегӯяд на худаш ва на дӯстонаш аз мавҷудияти “механизми таҳияи барномаи хизматчии давлатӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин барнома” огоҳӣ надоранд.

Нигина мегӯяд: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ, ҳеҷ гоҳ кадри ҷавону мефаҳмидагиро ба руйхат намегиранд ва пешниҳод намекунанд. Ба такмили ихтисос фаро намегиранд. Дуввум ҳамин маҳалгароӣ камари ҳамаро шикастааст, боз бояд одам дошта бошӣ, ки дастгирият кунад»

Нигина аз таҷрибаи худ намуна меорад ва мегӯяд барои ворид кардани ҷавонон ба рӯйхати сеҳрноки “захираҳои кадрӣ” ва по гузоштани онҳо ба зинаи нахустини мансабдорӣ, непатизм(хешутаборӣ) ва маҳал нақш мебозад. Ӯ меафзояд, агар аз ин ду имтиёз бархурдор набошӣ, пас бояд пул дошта бошӣ ва ба мақоми фасодкор ришва бидиҳӣ. Нигина бо натиҷагирӣ аз талошҳои чандинсолаи худ мегӯяд, барои ёфтани кор ҳунару малака нақш надоранд. Мақомот ҳанӯз аз меъёри арзёбии замони шӯрави, мисли “ҳамсари намунавӣ”, “аз оилаи хуб”, “баодоб” истифода мекунанд.

Мақомот: "Ҳирфаӣ будан талаботи аслӣ аст"

Аммо, Гурез Қосимов, муовини сардори идораи хидмати давлатии ҳукумати Тоҷикистон ба гуфтаҳои Нигина розӣ нест ва мегӯяд, ҳунару маҳорат ва мутахасиси ҳирфаӣ будан талаботи аслӣ аст ва довталабон танҳо бар пояии ҳамин сифатҳо ба рӯйхат шомил мешаванд. Ба маълумоти Ҷаноби Қосимов, ҳоло 40 дарсади захираҳои кадрии ҳукуматро ҷавонон ташкил медиҳанд:

«То ҳоло ҳамин қадар кадрҳое, ки аз минтақаҳо ба мо пешниҳод шудааст ин ҳолатро надидем. Афзун бар ин, раёсат ба ҷалби ҷавонон таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунад. Яъне сол то сол ҷавонгароии низоми давлатӣ ба назар мерасад. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо ба ҷавонон ниёз дорем»

Ҷаноби Қосимов ҳамзамон ҳолатҳои ба истилоҳ тасодуфан ворид шудани бархе аз ҷавонон ба феҳристи захираҳои кадриро таъид кард. Аммо гуфт, ҳангоми, сӯҳбат ва санҷиши ҳуҷҷатҳо исми ин гуна афрод аз рӯйхат берун мешавад.

Сарнавишти кадрҳо чӣ гуна ҳал мешавад?

Бо вуҷуди фаъолияти ин идора ва мавҷудияти “рӯйхати захираҳои кадрӣ” аксари ҷавононе, ки ҳамсӯҳбат шудем бовар доранд, ки сарнавишти кадрҳоро на ин рӯйхат ва на ин идора ҳал мекунад. Ба бовари онҳо, мавзӯъи кадрҳо дар дастгоҳи раиси ҷуҳмур ҳаллу фасл мешавад, ки хеле дастнорас аст.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин шеваи кор, яъне сарфи назар кардан аз мутахасисони ҷавон ва ҳирфаӣ бисёри онҳоро аз кору зиндагӣ дар ватан дилсард кардааст. Ба гуфтаи Шаҳноз Комилзода, воқеият ин аст, ки ҳар сол даҳҳо ҷавони соҳибкасб ва донандаи забонҳои мухталиф тарки кишвар мекунанд ва ё барои кор рӯ ба ташкилотҳои хориҷии муқими кишвар меоранд.

Дар ин миён бахти нафарҳое ҳам баландӣ мекунад ва онҳо “захираи кадрӣ” эътроф мешаванд. Маърифат аз ҳамин тоифаи бобарор аст, ки ба тозагӣ вориди феҳраст шудааст. Ӯ мегӯяд, боварӣ дорад, ки солҳои наздик мақомеро соҳиб хоҳад шуд. Маърифат рад намекунад, ки яке аз пайвандонаш дар мансаби давлатӣ кор мекунад ва ӯ дар сояи дастгирии «тағояш» ба ин руйхат дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG