Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқгарони ёқут дар Бадахшон ба даст афтоданд


Кормандони Кумитаи амнияти Тоҷикистон гуфтаанд, дар вилояти мухтори Бадахшон аз истихроҷи ғайриқонунии ёқут дар кони "Барфӣ" дар Мурғоб пешгирӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст. Баъд аз хатми кори коргарони ин кон дар соли гузашта чаҳор дафъа шаҳрвандони Тоҷикистон талош кардаанд, аз ин кон ёқут ба даст оранд. Мошин ва васоили дигари ин гурӯҳи қочоқчӣ мусодира шудааст ва ҳоло раисдагӣ ба ин кор идома дорад.
XS
SM
MD
LG