Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрдҳо дар Тунис 8 нафар ба ҳалокат расиданд


Федератсиони байнулмилалии ҳуқуқи башар, мақараш дар Порис, дар бораи ҳалокати дасти кам 8 нафар бар асари бархӯрди ахири эътирозгарон ва полис дар шаҳри Тунис хабар дод. Бо вуҷуди эълони қуюди шабгардӣ аз сӯи мақомот, шаби гузашта ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехта эътирозҳо алайҳи болоравии қиммати маводи озуқа, бекорӣ ва фасодро идома доданд.
Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз шурӯъи нооромиҳо дар Тунис дар ҳафтаи гузашта дасти кам 66 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёнро 3 баробар камтар нишон медиҳанд.
Навӣ Пиллэй, раиси идораи ҳуқуқи башари СММ, аз мақомоти Тунис даъват кард, ки алайҳи намоишгарон аз нерӯ кор нагиранд.
XS
SM
MD
LG