Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаводиси Раштро натиҷаи бемасъулиятӣ ва фасодзагии мақомоти ҳифзи тартиботи кишвар мехонад. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки масъулини хадамоти кашф дар бораи таҷаммӯъи гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Рашт сари вақт иттилоъ надоданд. Сӯҳроб Шарифов аз фаъолияти кормандони милиса, додситонӣ ва мақомоти додгоҳӣ низ интиқод кард ва афзуд, ки сабаби аслии нооромиҳо дар Рашт – фасод дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Сиёсатшинос афзуд, барои намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бояд шароитҳоеро муҳайё сохт, ки “онҳо аз ин баъд бо пул ватани худро нафурӯшанд”.