Вадим Клюгвант, вакили мудофеъи Михаил Ходорковский - раиси пешини ширкати “ЮКОС”, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки шахси таҳти ҳимояташ аз мақомоти Русия дархости афв нахоҳад кард. Ӯ ҳамчунин аз сӯи додрас Виктор Данилкин таҳия шудани ҳукми додгоҳро зери суол бурд ва ҳадс зад, ки он аз сӯи гурӯҳи додрасҳо навишта шудааст.
30 декабри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Михаил Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедевро аз рӯи парвандаи дуввуми ҷиноӣ ба 13-у нимсолии зиндон маҳкум кард. Онҳо дар яғмои 218 миллион тонна нафт ва “шустушӯ”-и 30 миллиард доллар муттаҳам шуданд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳукми додгоҳ аз рӯи парвандаи аввал дар соли 2005 онҳо дар маҷмӯъ 14 солиро дар маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ мӯҳлати маҳрумият аз озодии Ходорковский ва Лебедев аз замони боздошт дар соли 2003-ро низ ба инобат гирифт ва аз ин рӯ, мӯҳлати ҳабси онҳо соли 2017 поён хоҳад ёфт.
Вакили дифоъ аз болои ин ҳукм ба додгоҳи шаҳри Маскав шикоят бурдааст.