Доштани манзили зист орзӯи деринаи ҳар як ҷавони тоҷик аст, ки аксарияти онҳо бекоранд. Афроде, ки соҳиби кору шуғле ҳастанд, бо моҳонаи аз сесад то ҳазор сомонӣ дар манзили иҷора зиндагӣ мекунанд. Оё бо ин маблағ онҳо баъди чанд сол метавонанд ба орзуи худ бирасанд ва соҳиби манзили истиқоматӣ шаванд?
Фахриддин, ҷавоне, ки тайи 10 соли ахир дар пойтахт иҷоранишин аст, дар яке аз сохторҳои давлатӣ кор мекунад. Моҳонааш 100 доллар ва оиладору соҳиби ду фарзанд аст. Фахриддин, мегӯяд, бо ин моҳонааш, ки ҳатто ба зиндагии якмоҳа кофӣ нест, ӯ аслан то абад умеди хонахарӣ надорад, аммо агар....
«Агар чизе нахӯраму нанӯшаму напӯшам, шояд давоми 40 сол бо ин нарху наво соҳиби хона шавам. Аммо дигар имконият дорам, 400 сомон ҳар моҳ барои манзили иҷора медиҳам, ки моҳонаи худам ҳам қариб ҳамин қадар аст. Ҳозир бештар бо кӯмаки падару модар зиндагӣ дорем».
Ягона умеди ин ҷавон барои дастёби ба манзили зисти шахсӣ, ба поин рафтани нархи манзил ва ё муҳоҷират ба Русия аст. Дар воқеъ чанд соли пеш замоне, ки сохтмони аввалин биноҳои замонавии истиқоматӣ дар пойтахт шурӯъ шуд, аксар ҷавонон хушбин шуда, умед доштанд акнун арзиши хона ҳам дастрас шудаву, онҳо ба орзӯйи худ наздик мешаванд.
Хонаҳои нав ва ... холӣ
Аммо ин сохтмонҳо ҳам ба гуфтаи мусоҳибони ҷавони мо, бо шарту нархҳои гарони худ наметавонанд барои соҳиби хона шудани мардуми оддӣ кӯмак кунад. Бинобар иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон имсол 510 ҳазор метри квадратӣ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки ин нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 40 ҳазор метри квадратӣ бештар аст. Аммо ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик ин манзилҳои замонавӣ боз ҳам дастраси танҳо афроди элита ва дорои кишвар аст.
Ӯ гуфт: «Дар Тоҷикистон хонаи арзон нест. Ҳоло хонаҳо фақат барои элита сохта шудаанд ва ҳамааш холӣ мондаанд. Зеро вақти шурӯи сохтмон ваъда доданд, ки нарх дастрас мешавад, аммо вақти ба истифода додан нархҳо боло бардошта шуданд.»
Феълан ба иттилои ширкатҳои харидуфурӯши амвол, дар шаҳри Душанбе манзили якҳуҷраиро метавон то 30 ҳазор доллар харидорӣ кард. Хонаи дуҳуҷраӣ болотар аз 30 ҳазор доллар ва ҳаминтавр хонаҳои 3 ё 4 ҳуҷрадорро вобаста ба макони ҷойгиршавӣ ва ҳолаташ беш аз 50 ҳазор доллар фурӯхта мешаванд.
Муҳаммад Фармонзода, иқтисодшиноси ҷавони тоҷик бо такя ба таҳлилҳои иқтисодӣ мегӯяд, як ҷавон дар ин шароит ба ҳисоби миёна барои хариди хона бояд беш аз 40 сол маблағ ҷамъоварӣ кунад.
«Агар як нафар дар 20 солагӣ ба кор шурӯъ кунад, барои ҷамъоварии маблағи хона бояд то 60 солагӣ, яъне то синни нафақа меҳнат кунад. Вале дар шароите, ки ҳамарӯза арзиши молу коло дар бозори кишвар боло меравад, бо 400 ва ё 500 сомон фикри хонахарӣ кардан ин албатта афсонае беш нест. Аммо хоҳ нохоҳ мушкили бехонагӣ ба саломатӣ ва бахусус ба кори ҳаррӯзаи мо хатари хеле ҷиддӣ дорад», - мегӯяд ӯ.
Ҷавонони хушбахти ангуштшумор
Худи Муҳаммадҷон соҳибкор аст ва мегӯяд, талош дорад, то дар 5 соли дигар соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ шавад. Аммо ҳоло шумори чунин ҷавононе, ки тавониста бошанд дар чанд соли наздик бо меҳнати худ соҳиби хона шаванд, хеле каманд. Танҳо афроди хушбахт онҳоеанд, ки волидонашон ба онҳо дар ин маврид кӯмак кардаанд ё хона мерос мондаанд. Аммо дар маҷмӯъ, аксари онҳое, ки аслан ба маошу даромади худ умеди хонахарӣ надоранд, ҳоло бештар ба хариди қитъаи замин бартарӣ медиҳанд, ки нисбатан дастрас будааст.
Фарангис мусоҳиби дигари мо дар ин зимн мегӯяд: «Заминро мумкин дар 15 ё 18 ҳазор доллар пайдо кунем ва вобаста ба мавсим, масалан дар зимистон, ки нархи масолеҳи сохтмонӣ арзонтар мешавад, метавонем харид карда, тобистон корро шурӯъ кунем ва дар муддати шаш-ҳафт сол хонаро мешавад бунёд кард. Аммо барои духтарҳо як варианти хуби дигар ҳам ҳаст, агар ҳамсарамон тавони хонахарӣ дошта бошад ё аллакай соҳиби манзил бошад, боз беҳтар аст. Ман метавонам маблағи даромадкардаи худро барои тарбияву таҳсили фарзандам захира ё сарф кунам.»
Номзади бонуфуз - касе, ки хона дорад
Дар воқеъ, бояд гуфт мушкили беманзилӣ боис шуда, ки ҳоло номзади бонуфуз ҳам барои издивоҷ миёни аксар духтарон онҳое ҳисобида мешаванд, ки манзили истиқоматӣ доранд. Ва зимнан ҳамин мушкили дастрасӣ ба манзили зист ҳам боис ба болоравии талабот ва ҳамчунин арзиши иҷора дар шаҳр гаштааст.
Ҳоло дар шаҳр як нафар барои манзили иҷора, моҳона вобаста ба шароити он аз 50 то 300 доллар пардохт менамояд. Аммо дар маҷмӯъ ба гуфтаи мусоҳибони мо, барои рафъи ин мушкили рақами як дар Тоҷикистон ва соҳиби хона шудани ҷавонон, давлат бояд дар мавриди таъмини онҳо бо ҷойи кор хуб ва ё тақсими одилонаи замин аз иқдомҳои муассир кор бигирад.