Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи Ҷо Байден аз Ироқ оғоз шуд


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико вориди Бағдод-пойтахти Ироқ шуд. Интизор меравад, ки Байден бо Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ ва соири раҳбарони ҳукумати нави Ироқ дидор ва гуфтугӯ кунад. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран Байден бо раҳбарони Ироқ вазъи ин кишварро баррасӣ мекунад, зеро нируҳои Амрико омодагӣ мегирнд, ки то поёни соли ҷорӣ комилан аз Ироқ хориҷ шаванд. Вале камтар аз 50 000 нируи Амрико дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд ва онҳо бештар дар бахшҳои марзбониву низомӣ ба нируҳои Ироқ машварат медиҳанд.
XS
SM
MD
LG