Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбуллоҳ кобинаи вазирони Лубнонро суқут дод


Баъд аз он ки Ҳизбуллоҳи Лубнон вазирони худро аз кобина фаро хонд, кобинаи вазирони ин кишвар суқут кард. Баъд аз истеъфои 11 вазири узви Ҳизбуллоҳ ва ҷонибдорони он Саад Ҳарирӣ-нахуствазири Лубнон боздиди худро аз Амрико қатъ кард. Ҳизбуллоҳ таҳдид мекард, ки барои расидагии СММ ба куштори Рафиқ Ҳарирӣ-падари нахуствазири кунунӣ ҳукуматро сарнагун мекунад, зеро тибқи ин расидагиҳо дар куштори Рафиқ Ҳарирӣ баъзе аз аъзои Ҳизбуллоҳ муттаҳам дониста шудаанд. Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2005 дар суиқасде террор шуд. Барак Обам-раиси ҷумҳури Амрико, ки бо Саад Ҳарирӣ мулоқот кард, гуфт, тасмими хуруҷи Ҳизбуллоҳ аз кобина тарси онҳоро нишон медиҳад, зеро кобина корҳои худро пеш мебурд. Аз сӯи дигар, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз ҷонибҳои Лубнон хост, ки бӯҳронро аз роҳи музокира бартараф кунанд.
XS
SM
MD
LG