Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Брисбейн ба ботлоқ табдил мешавад


Ҳавошиносон мегӯянд, селоб Брисбейн-севвумин шаҳри бузурги Австралияро ба ботлоқ табдил медиҳад. Мақомоти ин шаҳр бим доштанд, ки баландии селоб ба 5,5 метр мерасад. Вале баландии он тақрибан ба 4,5 метр расидааст ва ин шаҳри дорои 2 миллион нафар аҳолиро хароб мекунад. Пешгӯӣ мекарданд, ки тақрибан 20 000 хона дар зери об хоҳад монд. Дар ин селобҳо 17 нафар кушта, 43 нафар нопадид шудаанд. Селоб миллиардҳо доллар ба Австралия зарар ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG