Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Беларус дафтари ҳизбҳои мухолифро бозрасӣ кард


Дирӯз пулиси Беларус дар шаҳри ғарбии Ҳронда дар утоқҳои кории ҳизбҳои мухолифи Иттиҳоди Шаҳрвандӣ ва Ҷабҳаи Мардумии Беларус бозрасӣ анҷом дод. Раҳбарони ин ҳизбҳо ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо имкони ҳарф задан надодаанд ва ин бозрасӣ ғайриинтизор сурат гирифтааст. Сергей Малчук-раиси бахши Ҷабҳаи Мардумии Беларус дар Ҳронда гуфтааст, мумкин аст ин бозрасиҳо ба мулоқоти ахири шӯрои раҳбарии ин ҳизб дар рӯзи сешанбе иртибот дошта бошад. Дар Беларус чанд тан аз номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва садҳо нафар аз ҷонибдорони онҳо баъд аз интихоботи 19-ӯми декабр боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG