Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Тоҷикистон барои раҳоӣ аз марази фалаҷ


Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, се марҳалаи дигар лозим аст, ки ин кишвар мақоми минтақаи озод аз марази фалаҷро аз нав ба даст орад. Интизор меравад, дар соли ҷорӣ маъракаи нави эмкунии кӯдакон дар саросари кишвар анҷом шавад.

Нусратулло Салимов, ки рӯзи чоршанбе дар Душанбе аз натиҷаҳои фаъолияти ниҳодаш дар соли 2010 сӯҳбат мекард, гуфт, кӯдакони Тоҷикистон шаш маротиба эм шуданд ва баъд аз боз се маъракаи саросарии эмгузаронӣ ҳамаи мароҳили баргардонидани мақоми минтақаи озод аз фалаҷ барои ин кишвар анҷом хоҳанд ёфт.

Ӯ гуфт: «Барои баргардонидани мақом бояд кори зиёд ба анҷом расад. Мо ҳанӯз шаш даври эмкуниро ба охир расондем. Пешакӣ гуфтан имкон надорад, ки дақиқан кай? Аввал таҳлил мешавад, пас ба хулоса мерасем, ки бояд киҳоро эм кунем».

Таҳқиқоти SIDA дар Тоҷикистон

Вазири тандурустӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир созмони байнулмилалии SIDA ба омӯзиши масуният ё иммунитети кӯдаконе машғул аст, ки эм шудаанд ва натиҷаҳои ин таҳқиқ моҳи феврал ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.

Тоҷикистон баҳори соли гузашта шоҳиди хуруҷи бемории фалаҷ шуд, ки бар асари он, тибқи иттилоъи расмӣ, 27 кӯдак ҷон доданд. Ҳамзамон Тоҷикистон мақоми кишвари озод аз фалаҷро, ки соли 2002 ба даст оварда буд, гут кард. То ба ҳол чор кишвар - Афғонистон, Ҳиндустон, Нигерия ва Покистон аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт кишварҳои собити хуруҷи марази фалаҷ ҳисобида мешаванд.

Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон
«Эҳтимоли сар задани маризиҳо ҳануз қавист»


Нусратулло Салимов гуфт, эҳтимоли сар задани ҳама гуна маризиҳои сироятӣ, ба шумули фалаҷ дар Тоҷикистон ҳанӯз қавист.

Ӯ гуфт: «Давлате ҳастем, ки ҳамчун буфер миёни Афғонистону кишварҳои дигар қарор дорем. Мутаассифона, марзҳои Ӯзбекистон ҳам бастаанд ва ягон муносибат миёни ниҳодҳои беҳдоштӣ нест. Намедонем, ки вазъи он ҷо чӣ гуна аст. Ин тараф Афғонистон аст, ки ҳама намуд маризиҳои сироятӣ, бахусус фалаҷро дорад».

Оқои Салимов гуфт, барои ҷилавгирӣ аз маризиҳои сироятӣ бо ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон ва Афғонистон дар марзҳо масъалаи таҳкими бунгоҳҳои тиббӣ матраҳ аст, ки зина ба зина ҳалли худро хоҳад ёфт.

Хуруҷи фалаҷ дар Тоҷикистон

Хуруҷи фалаҷ баҳори соли гузашта мушкилеро бо Русия низ ба миён овард, ки мақомот Тоҷикистон онро сиёсӣ унвон карданд. Русия вуруди кӯдакон ва низ меваи хушкро аз Тоҷикистон манъ кард. Вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ин мушкилот ҳанӯз вуҷуд доранд.

Ба ҷуз аз баргардонидани мақоми кишвари озод аз фалаҷ Тоҷикистон ба тасвиби Эъломияи ҷаҳонии алайҳи тамокукашӣ низ омодагӣ мебинад, ки бо қабули як қонун шурӯъ аз 1 январи имсол кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кардааст.

Мақомоти вазорати тандурустӣ мегӯянд, баъд аз тасвиби ин эъломия реклом ва таблиғи тамоку дар кишвар манъ шуда, шакли молии қуттиҳои сигор оддӣ мешаванд ва корхонаҳои истеҳсоли тамоку андози махсус хоҳанд супурд.
XS
SM
MD
LG