Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор низомии НАТО дар Афғонистон


Бар асари таркиши минаҳои сарироҳӣ имрӯз дар Афғонистон чаҳор низомии НАТО ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии НАТО, се сарбоз дар шарқ ва як низомии дигар дар ҷануб қурбони ин таркишҳо шудаанд. Дар бораи ҳувияти кушташудагон ва мавзеъҳое, ки ин ҳодисаҳо рӯх додаанд, хабар дода намешавад.
Имрӯз дар шаҳри Кобул як маргталаби савори мотосикл худро дар канори автобус бо кормандони хадамоти амниятӣ мунфаҷир кард. Дар ин ҳодиса дасти кам чаҳор нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд, Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи “Толибон” изҳор намуд, ки ҳамлаи маргталабонаро як ҷангии ин ҷунбиш анҷом додааст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай таркишро шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG