Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Степан Бандера дигар Қаҳрамони Украина нест


Як додгоҳи Украина фармони раисиҷумҳури пешин Виктор Юшенко дар бораи додани унвони қаҳрамонӣ ба Степан Бандераро лағв кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Украина хабар дода ва аммо аз сӯи кадом додгоҳ содир шудани ин ҳукмро мушаххас накардааст.
Моҳи январи соли гузашта Виктор Юшенко ба Степан Бандера унвони Қаҳрамони Украинаро эҳто кард. Ва аммо баъдан додгоҳи шаҳри Донетск ин амри раисиҷумҳурро хилофи қонун номид, зеро, ба гуфтаи додрасҳо, Бандера, раҳбари миллатгароҳои украин дар миёнаҳои қарни гузашта, шаҳрванди Украина набуд.
XS
SM
MD
LG