Ин ҳодиса тақрибан соати 8.30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, замоне рух дод, ки фарди моторсиклсавор маводи таркандаи ҷобаҷошуда дар морорсиклашро дар баробари бемористон сиҳати равонии минтақаи сероҳии Алоуддини шаҳри Кобул инфиҷор дод.
Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо ба шиддат маҳкум карда ва онро як амали ғайри инсонӣ ва зидди исломӣ хондааст.
Дар эъломияе, ки аз сӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон расидааст, омада, ки раиси ҷумҳури Афғонистон ба сарпарасти вазорати сиҳати оммаи ин кишвар ҳидоят додааст то бо истифода аз тамоми инкониятҳо дар муолиҷаи захмиҳои ин ҳодиса бишитобад.
Масъулияти таркиш дар Кобулро, ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифтаанд. Дар ин бора ахиран Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи ин ҷунбиш, изҳорот пахш кардааст.
Сатҳи хушунат дар Кобул назар ба дигар манотиқи Афғонистон пойинтар аст. Чораҳои иловагии ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳр, қабл аз интихоботи парлумонии соли сентябр ба роҳ монда шуда буд.
Embed
ба дигарон фиристед
Таркиш дар Кобул
Таҳияи Радиои Озодӣ
Embed
ба дигарон фиристед
Нусхабардорӣ шуд
URL нусхабардорӣ шуд
Феълан кор намекунад