Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ бори дуввум футболбози сол шинохта шуд


Футболбози аргентинӣ Лионел Мессӣ барои бори дуввум унвони беҳтарин футболбози ҷаҳонро ба даст овард. Мессӣ дар ин сабқат ба таври ғайриинтизор бар ҳамдастаҳои худ аз тими “Барселона”-и Испания Андрес Инйеста ва Шавӣ ғолиб омад ва соҳиби Ballon D'Or, ҷоизаи нави ФИФА шуд . Инйеста ва Шавӣ дар ин сабқат ҷойҳои дуввум ва севвумро гирифтанд.
Мураббии “Реал”-и Мадрид Жозе Моуринйо беҳтари мураббии сол ва Марта аз Бразилия барои бори панҷум беҳтарин футболбози зан шинохта шуданд.
XS
SM
MD
LG