Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуллиан Ассанж дубора ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд


Қарор аст, асосгузори сомонаи “WikiLeaks “ Ҷуллиан Ассанж имрӯз дигарбора ба додгоҳи Лондон эҳзор шавад. Ин нахустин эҳзори Ассанж дар пайи раҳоияш дар таърихи 16 декабр дар ивази пули гарав хоҳад буд. Шветия Ассанжро ба бадрафтории ҷинсӣ айбдор карда, истирдоди ӯро меҷӯяд.
Аммо ин компутардони 39-солаи зодаи Австралия ва тарафдоронаш мегӯянд, далели аслии таъқиби ӯ хашми Вошингтон аз нашри номаҳои маҳрамонаи дипломатии Амрико дар сомонаи “WikiLeaks“ аст.
XS
SM
MD
LG