Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мурофиаи додгоҳии Лаҳнер шурӯъ мешавад


Ҷаред Ли Лахнер, фарде, ки бар асари тирандозии ӯ шаш нафар ба ҳалокат расиданд ва як зани узви Конгресс ҷароҳат бардоштааст, имрӯз бори аввал мавриди бозрасӣ дар додгоҳи шаҳри Феникси ИМА қарор мегирад. Ӯ аз рӯи панҷ банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла, талоши куштори узви Конгресс, айбдор мешавад.
Қарор аст, ки имрӯз дар Иёлоти Муттаҳида ба хотири қурбониёни ин ҳамла як дақиқа сукут карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи табибон, вазъи Габриэле Гиффордс, узви Конгресси ИМА, ки ҳангоми дидораш бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи Лаҳнер қарор гирифтааст, ҳамчунон вахим боқӣ мемонад.
Дар ин тирандозӣ дар маҳалли Тусани Аризона дар маҷмӯъ шаш нафар, аз ҷумла як духтарчаи нӯҳсола ва як додраси федеролии ИМА кушта ва 13 тан маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG