Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони сархушро аз ҳавопаймо берун карданд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Русия оид ба хоккеӣ, ки ахиран дар бозии ниҳоии чемпионати ҷаҳон аз болои тими Канада пирӯз гардид, рӯзи панҷшанбе аз ҳавопаймои хатсайри Баффало-Атланта берун карда шуд. Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба гуфтаҳои намояндаи фурудгоҳи шаҳри Баффалои аёлати Ню-Йорк Дуглас Ҳартмайер хабар доданд, ки варзишгарони сархуши рус баробари вуруд ба ҳавопаймо доду фарёду мағалро шурӯъ кардаанд. Онҳо бояд ба Атланта ва аз он ҷо ба фурудгоҳи ба номи Кеннедии Нюй Йорк ва баъдан ба Маскав парвоз мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дастаи мунтахаби ҷавонони Русия дар бозии ниҳоят сангин дастаи Канадаро бо ҳисоби 5 бар 3 шикаст дод ва соҳиби медалҳои тиллои чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей шуд.
XS
SM
MD
LG