Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Афғонистон нерӯи тозанафас мефиристад


Артиши Амрико эълом кард, ки 1400 сарбозони нерӯҳои баҳриашро ба ҷануби Афғонистон мефиристад. Дейвид Лейпен, сухангӯи Пентагон гуфт, Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, ирсоли ин нерӯҳоро иҷоза дод, то “бо баҳрабардорӣ аз пешрафтҳои ҳосилшуда онҳоро тақвият диҳанд.” Ба гузориши рӯзномаи “The Wall Street Journal”, эъзоми ин нерӯҳои ҷангӣ ба Афғонистон аз нимаҳои моҳи январ шурӯъ мешавад ва фармондеҳони артиш масъалаи ирсоли 3 ҳазор сарбози тозанафасро низ баррасӣ мекунанд. Ҳоло дар Афғонистон 97 ҳазор сарбозони амрикоӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG