Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи додситонӣ ба шикояти коргарони “Сангтӯда-1”


Додситонии ноҳияи Данғара бо кушодани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи намояндагони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” тасдиқ кард, ки ин корхона дастикам 510 000 сомонӣ музди коргаронашро напардохтааст.

Раиси кулли ширкати “Иншоотҳои обии Осиёи Миёна” Иннокентий Ким ва менеҷери молиявии ҳамин ширкат, Илҳомҷон Ҳакимов бар асоси банди 153-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд ва ба онҳо 3 соли ҳабс таҳдид мекунад.

Иддае аз кормандони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар як тамоси қаблӣ бо радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар як соли ахир музди кор нагирифтаанд ва қарзи ширкати “Иншоотҳои обии осиёимиёнагӣ”, маъруф ба “Гидрострой” дар ин маврид ба 1 000 000 сомонӣ баробар аст.

Додситонии вилояти Хатлон бар пояи аризаи 105 корманди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ин парвандаҳоро боз кардааст. Аммо масъулони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар посух мегӯянд, мушкил аз он ҷо сарчашма гирифтааст, ки ширкати «Барқи тоҷик» 130 миллион сомонӣ қарзашро ба нерӯгоҳ барнагардондааст.

Додситонии вилояти Хатлон Иннокентий Ким ва Илҳомҷон Ҳакимовро ҳушдор дод ва вазифадор кард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат музди кормандони нерӯгоҳро бипардозанд. Дар акси ҳол, додситонӣ парвандаро барои додгоҳ омода хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG