Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивен Босворф рӯёрӯии ду Куриёро баррасӣ мекунад


Стивен Босворф, фиристодаи вижаи Амрико барои Куриёи Шимолӣ, имрӯз дар шаҳри Пекин қарор дорад ва масъалаи хотима додан ба рӯёрӯии Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолиро баррасӣ мекунад. Танишҳо дар нимҷазираи Куриё охири соли гузашта баъд аз он авҷ гирифт, ки Куриёи Шимолӣ бо шиллики тӯпхона ба Куриёи Ҷанубӣ чаҳор нафарро кушт. Чин таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст, то лаҷоми шарики наздикаш Куриёи Шимолиро бикашад ва низ онро ба музокироти шашҷониба барои халъи силоҳҳои атомии Пхенян баргардонад. Куриёи Шимолӣ соли 2008 аз музокироти шашҷониба бо Амрико, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Чин ва Ҷопон даст кашид.
XS
SM
MD
LG