Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арҷгузорӣ ё тамаллуқ?


Ҳукумати Қирғизистон қуллаеро дар кӯҳҳои Тён-Шон бо исми нахуствазири Русия Владимир Путин номгузорӣ мекунад. Нахуствазири Қирғизистон Алмосбек Отамбоев фармонеро дар ин бора имзо кард ва барои тасдиқ ба парлумони кишвар фиристод.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба як корманди ҳукумати Қирғизистон навиштааст, ки баландии ин қуллаи то ҳол беном чаҳору ним ҳазор метр аз сатҳи баҳр буда, он дар ҳавзаи рӯдхонаи Оқ-Суу, дар қаламрави вилояти Чуй, ҷойгир шудааст.

Дар Бишкек тасмими ҳукуматро чун арҷгузорӣ ба талошҳои Владимир Путин дар таҳкими равобити миёни ду кишвар арзёбӣ мекунанд. Ва аммо бархе аз сиёсатмадорону донишмандон ба номи Путин гузоштани қулларо тамаллуқ унвон кардаанд ва мегӯянд, ки ҳадафи аслӣ - талоши дарёфти пуштибонии нахуствазири Русия аз ҳукумати феълии Қирғизистон аст. Бектемир Ҷумъабоев, доктори илмҳои таърих, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин тасмими ҳукумат хело нороҳат шудааст.

Донишманди қирғиз афзуд, “агар мо ҳар рӯз ба хотири газу нафт шуда қуллаеро ба номи раҳбаре номгузорӣ кунем, фардо чӣ хоҳад шуд? Ман бо тасмими ба номи Путин ниҳодани қулла розӣ нестам. Хуб, имрӯз мо ба ин қулла номи Путинро ниҳодем, пас фардо бояд қуллаи дигарро ба номи Медведев гузорем? Пасфардо бошад мо маҷбур хоҳем шуд, ки ба хотири дарёфти гази Ӯзбакистон қуллаи дигарро қуллаи Ислом Каримов номгузорӣ кунем”.

Оби дари хона қадр надорад?

Бектемир Ҷумъабоев меафзояд, Қирғизистон фарзандони бузургеро парвардааст, ки барои ба номашон гузоштани қуллаҳои беноми Тён-Шон сазоворанд. Ӯ аз Исҳоқ Разоқов, яке аз раҳбарони айёми шӯравии Қирғизистон ёд овард, ки ба ӯ баъд аз маргаш унвони Қаҳрамони Қирғизистонро додаанд. “Ба ӯ ин унвон чӣ лозим? Оё беҳтар набуд, агар, бигирем, ба номаш қуллаеро мегузоштанд, то насли оянда ӯро фаромӯш намесохт?”, суол мекунад таърихдони маъруф. Зимнан, ба номи адиби бузург Чингиз Айтматов, ки қирғизҳову Қирғизистонро ба олам муаррифӣ кардаст, низ алҳол қуллае номгузорӣ нашудааст.

Дар Помир ҳам қуллаҳои беном ҳастанд...

Вокуниши Путин ба тасмими ҳукумати Қирғизистон алҳол маълум нест. Зимнан, дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон як хиёбони бузург ба номи Путин гузошта шудааст. Баъд аз ин Путин аз мақомоти маҳаллии Русия хоҳиш карда буд, ки аз “абадӣ сохтан”- номаш парҳез кунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш мақомоти Қирғизистон як қулла дар кӯҳҳои Тён-Шонро ба номи нахустин президенти Русия Борис Елтсин гузошта шуда буд.

Зимнан, дар Тоҷикистон то ҳол қуллаеро ба номи раҳбари ягон кишвари хориҷӣ нагузоштаанд ва аммо баъд аз истиқлол номи чанд қулла бознигарӣ шуд. Баландтарин қуллаи Помир – қуллаи Коммунизм ба номи поягузори давлати тоҷик Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Дигар аз қуллаҳои бузург, ки даҳсолаҳо номи доҳии комунистҳо Ленинро дошт, чанд сол боз қуллаи Истиқлол ном дорад. Ва номи қуллаи Револютсия ё Инқилоб ҳам бознигариву ба номи Абуалӣ иби Сино гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG