Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирон "террорист"-ро боздошт карданд


Мусофирони ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines, ки аз шаҳри Осло, пойтахти Норвегия, ба Истамбул парвоз мекард, мардеро хунсо намуданд, ки таҳдиди инфиҷори бомбро мекард. Ин мард мехост ба кобинаи сарнишинҳо ворид шавад ва талаб дошт, ки ҳавопаймо ба Осло баргардонида шавад. Ҳавопаймо бидуни мушкил дар фурудгоҳи Истамбул фуруд омад, ба касе аз мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо осеб нарасидааст.
Аз марди боздоштшуда, ки шаҳрванди Туркия аст, таҷҳизоти шабеҳи маводи тарканда дарёфт шуд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG