Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Белорус


Сафири Маҷористон дар Белорус Ферентс Контра хостори раҳоии ҳама афроди бар асари намоишҳои эътирозии рӯзи 19 декабр дар Минск боздоштшуда гардид. Дар акси ҳол, гуфт ӯ, вуруди мансабдорони Белорус ба кишварҳои аврупоӣ дубора мамнӯъ хоҳад шуд. Иттиҳодияи Аврупо ҳамин гуна таҳримҳо алайҳи Белорусро баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006 ҷорӣ карда буд ва аммо соли 2008 ин таҳримҳо мутаваққиф шуданд. Ба гуфтаи Контра, айни ҳол феҳристи нави мансабдорони Белорус таҳия мешавад, ки иҷозаи вуруд ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро нахоҳанд дошт.
Аз 1 январи соли равон Маҷористон раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG