Алӣ Акбар Солеҳӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷии Эрон, ки бо як сафари расмӣ дар Бағдод ба сар мебарад, ба талошҳои Теҳрон барои таҳкими равобити дуҷониба бо ҳукумати Ироқ таъкид кард. Солеҳӣ дирӯз дар сӯҳбат бо вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ, ба ҷуз масоили таҳкими ҳамориҳо, мавзӯъи сарнавишти “Муҷоҳидини халқ”, як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Эронро ҳам ба миён гузошт. Мақомоти Эрон мехоҳанд, ки ҷонибдорони ин гурӯҳи мустақар дар Ироқ, аз кишвар берун карда шаванд. Ҳушёр Зебарӣ дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, "мо аз дасти ин гуна созмонҳо, ки фаъолияташон алайҳи манфиатҳо ва мардуми мо равона шудааст, азияти зиёд дидаем. Қонуни асосии Ироқ ба фаъолияти гурӯҳҳое, ки ҳадафашон ташкили ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя аст, иҷоза намедиҳад. Мо бар пояи Қонуни асосӣ амал хоҳем кард".
Имрӯз Алӣ Акбар Солеҳӣ бо дигар раҳбарони Ироқ ҳам дидору гуфтугӯ мекунад.
Имрӯз Алӣ Акбар Солеҳӣ бо дигар раҳбарони Ироқ ҳам дидору гуфтугӯ мекунад.