Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагони Амрико ба дасти ҷумҳурихоҳон мегузарад


Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико, ки ба бисёре аз барномаҳои раиси ҷумҳур Барак Обама мухолифанд, имрӯз зимоми умури Маҷлиси Намояндагонро расман ба даст мегиранд. Дар интихоботи миёндавраӣ дар моҳи ноябр, ҷумҳурихоҳон, демократҳоро шикаст дода ва аксари курсиҳои Маҷлиси Намояндагони Амрикоро соҳиб шуданд. Аммо демократҳо, палатаи болоӣ, сенатро зери даст доранд. Ҷон Боҳнер, раиси нави ҷумҳурихоҳони дар маҷлис қавл додааст, ки то 12 январ санадеро барои лағви барномаи ислоҳоти арсаи беҳдоштӣ, ки ҳукумати Обама соли гузашта тасвиб кард, ба раъйгирӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG