Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се маъмури пулисро дар шаҳри Бишкек куштаанд


Пулиси Қирғизистон мегӯяд, тундравони мазнуни исломӣ се корманди пулисро дар шаҳри Бишкек куштаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодиса шаби сешанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳангоми тафтиши санадҳои меҳмононе дар як хонаи Бишкек ин афрод аз мусалсали Калашников ба сӯи афсарони пулис тир андохта ва фирор кардаанд. Кумитаи амниятии миллии Қирғизистон мегӯяд, ин афрод дар чанд тарҳрезӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистон даст доштаанд. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон акси ҳамаи он шаш нафарро дар торнамояш нашр карда ва гуфтааст ҳамаи онҳо шаҳрвандони кишваранд.
XS
SM
MD
LG