Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фрэнк Роҷеро аз Кобул ва Исломобод дидан мекунад


Фрэнк Роҷеро, ки баъд аз марги Ричард Ҳолбрук кафили фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон таъин шудааст, ин ҳафта бори аввал ба ин ду кишвар сафар мекунад. Ба гуфтаи Филип Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА, ҳадафи сафари Роҷеро - таҳияи музокироти сарони Амрико, Афғонистон ва Покистон оид ба эътидоли авзоъ дар минтақа аст, ки бояд моҳи феврал дар Вошингтон баргузор шавад.
Ричард Ҳолбрук, фиристодаи пешини ИМА, моҳи декабри соли гузашта аз олам даргузашт. 14 январ дар Вашингтон маросими ёдбуди Ҳолбрук баргузор мешавад, ки дар он қарор аст сарони бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, раҳбарони Афғонистону Покистон ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG