Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алио-Марӣ хостори пуштибонӣ аз масеҳиёни Ховари Миёна шуд


Мишел Алио-Марӣ, вазири умури хориҷии Фаронса, аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки талошҳояшон барои ҷилавгирӣ аз ҳамла ба мардуми масеҳӣ дар Ховари Миёнаро муттаҳид созанд. Дар мусоҳиба бо радиои Фаронса ӯ афзуд, ки номаеро дар ин бора унвонии намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сиёсати беруна Кэтрин Эштон ирсол хоҳад кард. Ба гуфтаи Мишел Алио-Марӣ, Аврупо набояд дар баробари сарнавишти аққалиятҳои масеҳӣ дар Ховари Миёна бетафовут бошад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 январ бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори калисои Ал-Қидиссини шаҳри Александрияи Миср 21 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум гардид. Масъулияти ҳамла ба масеҳиёни Мисрро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Масеҳиён тақрибан 10 дар сади аҳолии Мисри асосан мусалмоннишинро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG