Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрико аз раъйпурсии пешниҳодӣ дар Қазоқистон


Амрико талошҳои кунунӣ дар Қазоқистон барои баргузории райъпурсии саросарӣ ба манзури тамдиди замони раёсати раҳбари ин кишвар Нурсултон Назарбоевро маҳкум кард. Сафорати Амрико дар Қазоқистон дар изҳороте гуфт, ки Амрико “раъйпурсии саросариеро, ки интихоботи дар Қонуни асосии Қазоқистон тазминшудаи раёсатҷумҳуриро иваз кунад, пасрафт аз роҳи демократия” мешиносад. Сафорат ҳамзамон бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш пойбанд мондани давлати Қазоқистонро муҳим хондааст. Як созмон дар моҳи декабр пешниҳод кард, ки аз роҳи райъпурсии саросарӣ замони раёсати Назарбоевро то соли 2020 тамдид кунанд. Назарбоев аз соли 1989, инак 21 сол боз раҳбари Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG