Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи аслиҳа дар Тавилдара


Дар шарқи Тоҷикистон як махфигоҳи аслиҳа кашф шудааст. Мақомоти умури дохила аз махфигоҳе дар рустои Замбӯраки ноҳияи Тавилдара як мусалсали Калашников, 43 гулӯлаи норинҷакандоз, ду дастгоҳи мухобирот ва наздик ба 2 000 тири автомату пулемётро мусодира кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл низ дар шарқ ва ҷануби Тоҷикистон ду махфигоҳи силоҳ кашф шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохила, аз махфигоҳе дар мавзеъи Ёхсӯи ноҳияи Мӯъминобод 3 норинҷак ва ду тирдони мусалсали Калашников мусодира шуда, аз зери боми амбори як сокини рустои Қарашаҳри ноҳияи Рашт як гулӯлаандоз бо 15 норинҷак, 2 мусалсали Калашников бо 18 тирдон ва анвоъи дигари муҳимоту либоси низомӣ ба даст овардаанд.

Зимнан, дар ду моҳи пеш, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар дараи Камароб, маҳаллии аслии даргириҳо миёни неруҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, мулаққаб бо Алии Бедакӣ махфигоҳҳоеро бо захираи аслиҳаву дорувор ва маводи ғизоӣ кашф карда буданд.

Бино ба гуфтаи мақомот, тайи соли 2010 дар Тоҷикистон 866 мил аслиҳа, бо шумули 201 мусалсал, 130 туфангча, 184 камон, 81 норинҷакандоз ва 462 адад маводи мунфаҷира, бо шумули норинҷак, кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG