Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синни издивоҷ дар Тоҷикистон боло рафт


Сар аз 1-уми январи соли 2011 дар Тоҷикистон тағйире дар қонун эътибор пайдо кард, ки бино бар он танҳо аз синни 18 солагӣ шаҳрвандон ҳаққи издивоҷ пайдо мекунанд. То ин вақт издивоҷи духтарон аз 17 солагӣ мумкин буд.

Дигаргунии мазкур бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар тобистони соли 2010 ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта, аз аввали имсол эътибор пайдо кард.

Ин дар ҳолест, ки вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Саодат Амиршоева, пешниҳод карда буд, синни издивоҷ барои духтарон 22-солагӣ муқаррар шавад.
...бо эътибор ёфтни ин қонун падару модарон барои нақзи он тибқи моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд...


Тарафдорони афзоиши синни издивоҷ дар Тоҷикистон мегӯянд, ин иқдом аз фурӯпошии оилаҳои ҷавон пешгирӣ мекунад. Аммо бархе аз коршиносон бар инанд, ки камбизоативу нодорӣ волидайнро маҷбур мекунад, духтаронашонро қабл аз синни никоҳӣ ба шавҳар диҳанд.

Нигора Азизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, вай шоҳиди бисёр мавриди иҷборан ба шавҳар додани духтарони болиғу ноболиғ шудааст, чун волидон ба хотири ҳимоят аз номуси фарзандон ва сабук кардани бори зиндагии худ, чунин тасмим мегирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Азизова, ҳоло ҳам бечорагӣ, надоштани дастмузди кофӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ бисёре аз волидонро водор мекунад, ғайриихтиёри духтар, тақдири ӯро ба истилоҳ, худашон «ҳал кунанд»

Ва аммо коршиносон мегӯянд, бо назардошти табиат ва иқлими Тоҷикистон ва низ анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик, ки бештар пойбанди шариати ислом мебошад, ба фарқ аз ҷавонони ғарб, бавижа ҷавондухтарони тоҷик, тезтар, дар синни 16-17-солагӣ ба балоғат мерасанд.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон, мегӯяд, «ҷомеа ва низоми омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба гунае сохта шудааст, ки ҷавонон, бахусус духтарон шуғли муносибе надоранд ва вобастаи ақида, илм ва омӯзиш нестанд. Ба ғайр аз ин, баъзе духтарҳоеро суроғ дорем, ки аз назари ҷисмӣ дар 15-16-солагӣ омодаи издивоҷ ҳастанд. Набояд маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. »

Худи ҷавонон дар бобати боло бурдани синги никоҳ андешаҳои гуногун доранд. Рӯҳафзо, як ҷавондухтар мегӯяд, ин иқдом сабаби афзоиши пирдухтарон дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Зеро ба қавли ӯ, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон андешае роиҷ аст, ки дар сурати ба 20 расидани духтар, аллакай ӯ пирдухтар маҳсуб меёбад ва хостгорҳояш низ кам мешавад.

Ӯ мегӯяд: «Бубинед, ки ба сари як мард чанд зан рост меояд ва фикр мекунам, ки дар ин сурат занҳои бевазан кам нахоҳад шуд».

Гулафшон, ҷавондухтари дигар мегӯяд, агар ҳадаф аз қабули чунин қонун пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон бошад, беҳтар аст, то дар ин маврид ҷарима муқарар кунанд".

Аммо Хадича, як донишҷудухтар бо истиқбол аз имзои ин қонун мегӯяд, бояд волидайн қабл аз ба шавҳар додан ҳатман духтарони худро ба таҳсил ҷалб кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, духтари таҳсилдида пас аз талоқ низ ранҷ нахоҳад кашид.
Хадича афзуд, «Худое накарда духтари хондагӣ аз шавҳараш ҷудо шавад ҳам, метавонад кор карда рӯз гузаронад, вале вой бар ҳоли духтари нохонда кӣ дигар намедонад чӣ кор кунад».

Пешниҳоди то сини 18 солагӣ боло бурдани издивоҷи духтарон ду соли ахир мавриди баҳси ҷомеа буд, вале зоҳиран ақидаи аҳолӣ дар тавсиби ниҳоии он нақш надоштааст. Ҳамакнун бо эътибор ёфтни ин қонун падару модарон барои нақзи он тибқи моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
XS
SM
MD
LG