Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди сарвазири Молдова ба мухолифин


Номзад ба мақоми сарвазирии Молдова Влад Филат гуфт, парлумони нави кишвар тавони интихоби раиси ин ҷумҳурӣ ва раҳоии Молдова аз бунбасти қонуниро дорад. Филат гуфт, эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарб – барандаи интихоботи моҳи ноябр – метавонад дар ивази чанд райъи лозим барои интихоби раисиҷумҳур дар кобинаи нав ба ҳизби коммунист як курсӣ пешниҳод кунад. Ба эътилофи ҳамоиш бо Аврупо барои интихоби раисиҷумҳури ҷадид дар парлумон ҳамагӣ 2 райъ намерасад. Ҳизби коммунисти раисиҷумҳури собиқ Владимир Воронин ҳанӯз ба пешниҳоди Филат посухе надодааст. Ин ҳизб қариб 2 сол боз ҳама талошҳо барои интихоби раисиҷумҳури ҷадиди Молдоваро дар парлумон бойкот мекунад.
XS
SM
MD
LG