Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми як зани ҷавони уйғур


Як зани ҷавони уйғур бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои қавмии тобистони соли 2009 дар вилояти Шинҷони Чин ба қатл маҳкум шудааст. Радиои Осиёи Озод мегӯяд, Фазилат Акбари 19-сола дуввумин занест, ки бо ҷурми даст доштан дар ин ошӯбҳо маҳкум ба эъдом мешавад. Бовар меравад, ки дар моҳи июли соли 2009 дар ҷараёни даргириҳо байни уйғурҳои мусалмон ва чиноиҳо дар Уурумчӣ, пойтахти Шинҷон, то 200 нафар кушта шуданд. Ин ҳаводис аз пурқурбонитарин мавориди хушунатҳои қавмӣ дар ин минтақа дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG