Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ISAF: "Мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон зери фишор қарор гирифтаанд"


Ҷузеф Блотз
Ҷузеф Блотз

Дар ҳоле, ки маъмурияти низомии НАТО дар Афғонистон бо интиқодоти зиёд рӯбарӯ аст, нерӯҳои кӯмак ба амният ва ё ISAF дар ин кишвар мегӯянд, барои саркӯб кардани мухолифони мусаллаҳ, манобеи бештарро ба даст овардаанд.

Генерал Ҷузеф Блотз, сухангӯи ISAF дар Афғонистон мегӯяд, бо истифода аз ин манобеъ, ки бештар аз сӯи Амрико ва соири кишварҳои кӯмаккунанда фароҳам шудааст, барои тақвият ва таҷҳизи нерӯҳои афғонӣ низ истифода мешавад.

Оқои Блотз, ки рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул сӯҳбат мекард гуфт, бо ин ҳол мухолифони мусаллаҳ дар марказҳои аслиашон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон зери фишор қарор гирифтаанд.

Вай дар идома гуфт: «бо афзоиши нерӯ мо тавонистем то Толибон ва соири шабакаҳои шӯриширо дар вилоятҳое монанди Ҳилманд, Қандаҳор, Урузгон, Қундуз, Бағлон ва соири вилоятҳо ба мушкил мувоҷеҳ созем, ки дар чандин соли гузашта ба мушкил рӯбарӯ набуданд. Ин масъала мунҷар ба афзоиши бештари хушунатҳо шуд, ки мо интизори онро доштем, аммо табъан ба сурати кул ин як иқдом ва як марҳалаи зарурии стратегӣ буд. Мутаассифона авзоъ қабл аз ин, ки беҳбуд ёбад бадтар шуд, ки мо ин масъаларо дар авохири соли 2010 шоҳид будем.»

Ин изҳорот дар ҳоле иброз мегардад, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико низ дар баррасии тозаи стратегияи ҷанг дар Афғонистон таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадаф, манобеи бештар дар ин кишвар фароҳам гардад.

Аз сӯи дигар, сухангӯи мулкии НАТО дар Афғонистон соли 2010-и мелодиро дар ин кишвар як соли пурдастовард мехонад. Ба гуфтаи сухангӯи мулкии НАТО дар Афғонистон, дар ин сол пешрафҳои зиёде дар арсаи беҳбуди авзоъи амниятӣ сурат гирифта ва мухолифони мусаллаҳ аз бисёрии манотиқи аслияшон дар Қандаҳор ва Ҳилманд берун ронда шуданд.

Аммо бисёре аз коршиносони низомии афғон бар ин боваранд, ки ба ҷои фароҳам кардани манобеи бештар, бояд як стратегияи муассир дар ҷанги Афғонистон тарҳрезӣ шавад. Генерал Атиқулло Амрхел, яке аз ин коршиносон дар ин маврид чунин гуфт: «Стратегия дар раъси тамоми умур қарор дорад, агар як стратегияи дуруст ба шакли амалӣ тарҳ шавад, қадам ба қадам таъқиб мешавад ва дар он стратегия аслан мардум дар назар гирифта мешаванд то, ки мардум ба тарафдорӣ бархезанд. Ин хубтар аст нисбат ба ин, ки мо бигӯем, ки ин манобеъро ба даст овардаем то ҷанг кунем ва мардум бикушем, бинобар ҳамин беҳтарин манбаъ ин аст, ки мардуми Афғонистонро ба тарафи сулҳ ҷазб кунад.»

Нерӯҳои ISAF ба раҳбарии НАТО аз ҳудуди 10 сол ба ин тараф саргарми мубориза бо Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон ҳастанд. Дар ин муддат авзоъи амниятӣ дар бахшҳои мухталифи Афғонистон ба вахомат гароида ва даргириҳо дар бисёре аз вилоятҳои ороми ин кишвар низ густариш ёфтааст.

Аммо нерӯҳои ISAF ва қувваҳои афғон мегӯянд, ки дар соли 2011-и мелодӣ ҳамзамон бо оғози раванди таслими масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои байналмиллалӣ ба қувваҳои афғон, талошҳо ба ҳадафи таъмини амнияти беҳтар дар ин кишвар ташдид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG