Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони қабоил алайҳи "Толибон" бармехезанд


Сарони яке аз бузургтарин қабилаҳои вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ваъда доданд, ки ба хушунат хотима бахшида, афроди мусаллаҳи хориҷиро аз минтақа берун мекунанд. Ба иттилоъи генерали амрикоӣ Ричард Миллс, фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар ҷануби Афғонистон, созиш дар ин бора ахиран миёни сарони қабоили минтақаи Сангин ва волии Ҳилманд Гулбуддин Мангал бо миёнҷигарии нерӯҳои байнулмилалӣ ҳосил шудааст.
Ҳилманд аз он минтақаҳои Афғонистон аст, ки он ҷо теъдоди бузурги толибон панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG