Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз нокором шудани заминҳо дар Хатлон


Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, соли гузашта бештар аз 12 ҳазор гектар замини кишт дар ин вилоят ғайриқобили истифода шудааст. Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон дар мавриди иллатҳои нокорам шудани заминҳои васеъ гуфт: “Сабабҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ҳамин заминҳо асосан дар он аст, ки бисёри ҳамин заминҳо аз сабаби норасоии об, обёрӣ нашудан, ҳамчунин болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ, поккорӣ нашудани ҷӯ ва заҳкашҳо, вайрон будани қубурҳои обгузар, кор накардани насосҳои обкаш ва адами шароити киштукор барои кишоварзон, барои ҳамин холӣ мондаанд.” Ӯ афзуд, шӯршавии заминҳо дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Қумсангиру Қубодиёни вилояти Хатлон бештар ба мушоҳида расидааст ва дигар кишту парвариши сабзаҷоту ғаладона дар онҳо номумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG