Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пешвои мухолифини Белорусро раҳо карданд


Яке аз панҷ номзадҳои мухолифин ба мақоми раёсати ҷумҳури Белорусро, ки зимни тазоҳуроти оммавӣ боздошт шуда буд, раҳо кардаанд. Витал Римашевскӣ, шаби 31 декабр ба якуми январ бо шарти тарк накардани Минск аз боздошт раҳо шудаас, вале Ҳизби Демократҳои Масеҳӣ имрӯз хабари онро нашр кард. Римашевскӣ ва чаҳор номзади дигари мухолифин, ки дар интихобот бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ рақобат карданд, бо иттиҳоми барангехтани нооромиҳои оммави баъди интихоботи 19 декабр боздошт шуданд. Барои барангехтани нооромӣ, қонуни Ҷумҳурии Белорус, то 15 соли зиндон ҷазо муқаррар кардааст. Тазоҳурот алайҳи пирӯзии Лукашенко дар Минск ба хушунат печид ва мақомот 600 нафарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG