Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Исроил дар сурати ҳамлаи мушакии Эрон 12 дақиқа фурсат дорад"


Габи Ашкеназӣ, раиси ситоди муштараки артиши Исроил
Габи Ашкеназӣ, раиси ситоди муштараки артиши Исроил

Бар пояи асноди дипломатии тозае, ки сомонаи Викиликс, мунташир кардааст, раиси ситоди муштараки артиши Исроил ба як ҳайати амрикоӣ дар соли 2009 гуфтааст, Исроил худро барои як ҷанги густурда омода мекунад.

Бар пояи ин гузориш, раиси ситоди муштараки артиши Исроил ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати ҳамлаи мушакии Эрон, Исроил танҳо 10 то 12 дақиқа фурсат хоҳад дошт

Ба навиштаи ин санад, ки марбут ба сафорати Амрико дар Телавив аст, генерал Габи Ашкеназӣ дар соли 2009 ба як ҳайат аз Конгресси Амрико мегӯяд: «Ман артиши Исроилро барои як ҷанги густурда омода мекунам, зеро дар ин сурат содатар аст, ки онро ба як амалиёти кӯчактар табдил кард то он, ки роҳи баръаксро рафт».

Бар пояи ин гузориш, раиси муштараки артиши Исроил ба ҳайате аз Конгресси Амрико гуфтааст: «Таҳдиди ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил аз ҳар замони дигар ҷиддитар аст. Ба хотири ҳамин аст, ки Исроил чунин тамаркузе бар рӯи дифоъ дар муқобили ҳамлаи мушакӣ дорад.»

Дар идомаи ин гузориш ҳамчунин аз раиси ситоди артиши нақл шудааст, ки вай ба ҳайати амрикоӣ мегӯяд, дар сурати партоби мушакҳои Шаҳоб-3 аз сӯи Эрон, Исроил танҳо 10 то 12 дақиқа барои вокуниш фурсат хоҳад дошт. Ин гузориш меафзояд, ки Габи Ашкеназӣ шумори мушакҳои Шаҳоб-3-и Эронро 300 фарванд тахмин задааст.

Бар пояи гузориш, раиси ситоди муштараки артиши Исроил шумори мушакҳои Ҳизбуллоро низ 40 ҳазор фарванд бароварда кардааст, ки ба гуфтаи вай бисёре аз онҳо метавонад ба умқи хоки Исроил нуфуз кунад. Бар пояи ин санад, генерал Габи Ашкеназӣ ҳамчунин гуфтааст, ки Ҳамос низ имкони партоб ба сӯи Телавивро дорад.

Мутобиқи ин санади вобаста ба сафорати Амрико, раиси ситоди муштараки артиши Исроил, ки як сол пас аз ҳамла ба Ғазза сухан мегуфт, ҳушдор додаааст ки ҳамлаи баъдӣ ба Ғазза ҳазинаи инсонии бештаре барои фаластиниҳо хоҳад дошт. Вай айни ҳол таъкид кардааст, ки ҳамла ба аҳдофи ғайринизомӣ дар соли 2008 дар Ғазза аз рӯи қасд набудааст.

Дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба навори Ғазза дар соли 2008, наздик ба 1400 нафар, ки бештари онҳо ғайринизомӣ буданд, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG