Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аҳдномаи ҳуқуқи муаллифиро қабул кард


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи охирини худ қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид шудани ин кишвар ба Аҳдномаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар бораи иҷро ва фонограммаҳоро тасдиқ кард.

Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифии ин мавзӯъ дар парлумон гуфт, яке аз шартҳои қабул шудани ин кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ворид шудан ба ин аҳднома аст.

Вай афзуд, аҳдномаи мазкур ба ҳунармандон, овозхонон, навозандагон, раққосон ва дигарон, дар кул иҷрокунандагони ягон асари мусиқӣ, бадеӣ ё адабӣ ва низ ширкатҳое, ки бо истеҳсоли ин навъи мавод машғуланд, ҳуқуқ медиҳад, ки дар маҳдудаи кишварҳои узви аҳднома аз ҳаққи муаллифии худ дифоъ кунанд.

Ҷаноби Достиев гуфт: «Истифодаи ғайриқонунии асарҳои эҷодкорон дар Тоҷикистон низ ҷой дорад ва ин санадҳо ба ҳама имкон медиҳад, ки моли худро соҳибӣ карда тавонанд ва каси дигар бе иҷозаи муаллиф натавонад аз моли дигар кас ифтифода кунад».

Талоши танзими ҳуқуқи муаллиф дар Интернет

Аҳдномаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар бораи иҷро ва фонограммаҳо идомаи мантиқии Конвенсияи «Ҳимояи ҳуқуқи муаллиф», маъруф ба Конвенсияи Берн (1866) ва Конвенсияи «Ҳимояи ҳуқуқи иҷрогарон, тавлидкунандагони фонограмма ва муассисаҳои пахш», маъруф ба Конвенсияи Рим (1961) аст. Ин аҳднома истифодаи осори эҷодкорон дар интернетро дарбар мегирад ва як навъ замимаи конвенсияҳои қаблӣ аст, ки замони тасвибашон шабакаи ҷаҳонӣ вуҷуд надошт.

Тоҷикистон саввумин кишвари Осиёи Марказист, ки ин аҳдномаро ба тасвиб мерасонад ва дар заминаи он солҳои 2006 ва 2009 ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» тағйирот ворид кардааст.

Дар қаламрави ИДМ то ба ҳол Арманистон, Гурҷистон, Русия, Молдова, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия «Аҳдномаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар бораи иҷро ва фонограммаҳо»-ро ба тасвиб расондаанд.

Коршиносон мегӯянд, ин аҳднома ба ҳунармандони Тоҷикистон, ки гоҳ—гоҳ аз осори ҳампешагонашон дар Афғонистон ва Эрон истифода мекунанд ва ё баръакс таъсире нахоҳад дошт, зеро ин кишварҳо ҳанӯз санадҳои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳниро ба тасвиб нарасондаанд.
XS
SM
MD
LG