Дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ сигоркашӣ дар ҳамаи идораву муассисот, аз ҷумла дар беморхонаҳову мактабҳо мамнуъ шуд. Дар ин бора ҳар ду маҷлиси порламони Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонданд ва дар он раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо гузошт. Бино ба хабарҳо, манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ташаббуси худри раиси ҷумҳур арзёбӣ мешавад. Дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ чунин қонун амал мекунад ва барои кашидани сигор дар чунин ҷойҳо ҷаримаҳои бузург пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон тибқи ин қонун ҷарима аз 105 сомонӣ то 35 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.