Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави Тоҷикистон ором гузашт


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар арафа ва шаби Соли нави мелодӣ дар саросари кишвар ҷинояти вазнин содир нашудааст. Муҳамадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс бо соли пеш, дар ҳудуди Тоҷикистон вазъи ҷиноӣ мӯътадил будааст.

Вай афзуд, рӯзи 31-уми декабр ба шаби 1-уми январ дар саросари кишвар 15 ҷиноят рух додааст, ки 13-тои он ба таври фаврӣ ошкор карда шудааст:

«Ин 13 ҷиноят ҳам бештар ба қаллобӣ, ки шаҳрвандон тайи як шабонарӯз ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд ва муомилаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехника) рабт доранд»

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ коҳиш ёфтани ҷиноятҳои вазнин дар шаби Соли навро ба бамаротиб кам шудани маводи тарфгарӣ рабт медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 1 миллион донаи навъҳои гуногуни ин мавод қаблан дар марз бо Чин ва дохили Тоҷикистон аз сӯи кормандони гумрук ва вазорати дохила мусодира шуд. Рӯзи 31 декабр низ ҳаҷми бузурги маводи тарфгарӣ ба теъдоди 24 ҳазор 500 дона аз як донишҷӯи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон мусодира шудааст.

Ҳамасола таҷлили соли нави милодӣ дар Тоҷикистон таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор мешавад. Маросими аслии таҷлили Соли нави мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе бо ширкати ҳунармандон ва овозхонони тоҷик баргузор шуд. Ҳамчунин ҳангоми вуруди соли нави мелодӣ, ҳафт дақиқа дар осмон оташбозии солинавӣ доир гашт.

Муҳаммадулло Асадуллоев ҳамчунон афзуд, истифодаи машрубот дар ҷашнҳо, боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ шудааст. Вай гуфт, дар Конибодом ва Данғара ду ронанда дар ҳолати мастӣ ба ҳалокат расидааанд.
XS
SM
MD
LG