Аммо бо гузашти 5 моҳ аз бозгашташ ба Тоҷикистон, Бозори Собир мегӯяд, ки дар садади бозгашт ба Амрикост. Нашри китоби наваш бо номи “Хуни қалам”-ро устод Бозори Собир муҳимтарин ва шояд ягона дастоварди ин сафараш ба Душанбе меномад, вале мегӯяд, бо вуҷуди ҳамагӣ 2 000 нусха чоп шуданаш, “Хуни қалам” дар 2 моҳ чизе дар ҳудуди 1000 нусха ба фурӯш рафтааст.
Ба бовари шоир, муҳити Душанбе дигар муҳити шоириву муҳите шоирпарвар нест ва дигар чизе ҳам нест, ки ӯро битавонад дар ин ҷо нигоҳ дорад.
Аз сӯи дигар, касе аз мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам дар ин 5 моҳ ба суроғи шоир наомадааст, ки аз ӯ ба сурати расмие истиқбол шавад. Шаби шеъре, ки Бозор Собир мехост дар Душанбе доир кунад, низ ба далели адами таваҷҷӯҳи мақомоти зидахл ва мавонеъи фаровони девонсолорӣ, барпо нашудааст.
Бозори Собир, ки 72-солагиашро имсол дар Душанбе (бори аввал дар 15 соли охир) таҷлил кард, ин бор бо чӣ ҳавое дар сар ва бо таассуроте дар ҷомадони сафар дигарбора ба кӯи ғурбат роҳ мегирад?
Ва магар намешуд, дар Тоҷикистон эҳтироми ӯро ба тавре ки мебоист ба ҷо меоварданд, то Бозори Собирро, ки дар баробари Қаноату Лоиқ аз тавонотарин шоирони тоҷики як қарни охир дониста мешавад, дар ватан нигоҳ бидоранд?