Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди рабоиши ду хабарнигори фаронсавӣ


Имрӯз дар Фаронса маросими солгарди ҳодисаи рабудашавии ду хабарнигори ин кишвар дар Афғонистон баргузор мешавад. Стефан Тапонйе, наворбардори ӯ аз телевизиони Франс-3 Эрве Гескйер ва се ҳамкори афғонашон соли гузашта рабуда шуданд. Аксҳои ин ду хабарнигори фаронсавӣ имрӯз дар бурҷи пирӯзии Париж ба намоиш гузошта шуд. Инчунин қарор аст дар пойтахти Фаронса маросими сартосарии шамъафрӯзӣ доир шавад. Мақомоти ин кишвар талош доранд хабарнигорони як сол пеш дар шарқи Кобул рабудашударо озод кунанд. Ҳафтаи гузашта телевизиони Франс-3 хабар дод, ки одамрабоён навори видеоиеро дар бораи сарнавишти ин ду хабарнигор ба дасти мақомоти Фаронса расондаанд. Аз рӯи ин навор бармеомад, ки ҳардуи онҳо ҳарчанд лоғартар шудаанд, вале дар ҳолати хуб ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG