Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти маҷлис бо тамдиди мӯҳлати президенти қазоқ


Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон имрӯз барномаи тамдиди салоҳиятҳои раёсатҷумҳурии Нурсултон Назарбоевро то соли 2020-ро пазируфт. Рӯзи душанбе комиссиюни марказии интихоботҳои ин кишвар ташаббуси як гурӯҳи ҷамъиятиро дар ин замина расман ба қайд гирифт, ки барои тамдиди мӯҳлати президентии Назарбоев дар соли 2011 дар саросари Қазоқистон як референдум баргузор шавад. Хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодӣ Сағат Ботирхон дар бораи вокуниши ҷомеаи Қазоқистон ба ин ташаббус чунин гуфт:

“Мухолифин албатта зид ҳастанд, вале онҳо ҳоло заъфи худро эътироф мекунанд. Яке аз раҳбарони мухолифин дар ин рӯзҳо гуфт, ки ҳоло ҳеҷ нирӯе нест, ки зидди Назарбоев бархезад. Дар сурати эътирози мо ин амал чун шӯриш арзёбӣ мешавад ва паёмадҳои дигар хоҳад дошт. Мо инро намехоҳем. Мо бояд эътироф кунем, ки ҳатто дар сурати баргузории раъйпурсӣ ё интихобот, ӯ дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд”.


Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Қазоқистон бояд соли 2012 баргузор шавад, вале аз рӯи нақшаи кунунӣ, дар сурати баргузории референдум соли оянда, мӯҳлати президентии Назарбоеви 70-сола, ки аллакай 20 сол аст сари қудрат мемонад, бидуни интихобот якбора то даҳ соли дигар тамдид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG