Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Имсол пурчолиштарин соли Тоҷикистон буд"


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Дар соли 2010 дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир шуд, ки таносуби нирӯҳои сиёсӣ дар парлумонро чандон тағйир надод, вале Ҳизби наҳзати исломӣ( ҲНИТ), умдатарин ташаккули мухолифини ин кишвар худро як ҷониби мазлум дар ин маърака ба қалам дода гуфт, ки қурбони тақаллуб дар шумориши орои ин интихобот шудааст.

Ин ҳизб мегуфт, ки дастикам 30 дарсад раъй ба даст овардааст, вале бар асоси шумориши расмӣ, ҲНИТ бо касби зери 8 дарсад ҳамон 2 курсии қаблиаш дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро ҳифз карда тавонисту бас.

Муҳидини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон мегӯяд, имсол барои Тоҷикистон аз пурчолиштарин солҳо маҳсуб мешуд, ки каҷ рафтанаш ҳанӯз аз каҷравиҳои интихоботи парлумонии моҳи феврал оғоз гирифт ва кишвар тайи ҳамаи сол дар як вазъияти дар воқеъ мушкиле қарор дошт.

Ба бовари оқои Кабирӣ, чунин вазъи ҳассос, боиси бархе ҳассосиятҳо дар рафтор ва гуфтор ва ҳам ҷустани гунаҳкор ва аз ҷумла изи ҲНИТ дар рӯйдодҳои соли ҷорӣ, аз ҷумла нооромиҳои водии Рашт шуд.

Ӯ мегӯяд, ҳаводиси Рашт такмилношуда боқӣ мондани раванди сулҳ дар Тоҷикистонро намоиш дод, вале мизони таҳдидаш ба ҳадде набуд, ки ин равандро баъди 13 соли хатми ҷанги шаҳрвандӣ аз нав халалдор кунад.

Вале Тоҷикистон ба сурати умум, аз ин ҳоли мушкилу ин соли мушкил чигуна ва бо чӣ бурду чӣ бохте берун шудааст?

XS
SM
MD
LG