Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хостори тафтиши кори фурудгоҳҳо шуд


Дар пайи таъхири парвозҳо дар фурудгоҳҳои Маскав, ки ҳазорон мусофирро аз роҳ монд, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз мақомоти тафтишотӣ хост, то фаъолияти ин фурудгоҳҳоро тафтиш кунанд. Тайи 3 рӯзи охир дар фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметевои Маскав беш аз 200 парвоз ба иллати сардии ҳаво ва яхбандӣ лағв шуда, боиси эътирози мусофирони бандмондашуд.
Вазъ бахусус дар фурудгоҳи Домодедово, ки рӯзи якшанбе ба иллати ях бастани хутути барқ аз нирӯи барқ низ маҳрум шуд, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Зимнан, аксари парвозҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷумла аз Душанбе ба Маскав тавассути ҳамин фурудгоҳ сурат мегирад ва табъан ҳарҷумарҷ дар Домодедово боиси саргардонии мусофирони зиёде дар фурудгоҳи Душанбе ҳам шудааст, ки наметавонанд ба сабаби вазъи ҳаво ба Маскав парвоз кунанд.
XS
SM
MD
LG