Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳои сол дар саҳфаи "Хабарнигори мардумӣ"


Саҳфаи “Хабарнигори мардумӣ” ҳамгом бо соли 2010 дар моҳи январ ифтитоҳ шуд ва давоми як сол ба яке аз гӯшаҳои писандидаи хонандагони арҷманди мо табдил ёфт.

Омори ин саҳифа нишон медиҳад, ки дар ин муддат корбарони торнамои Озодӣ аз дохил ва хориҷи кишвар дар ин гӯша ширкати фаъол доштанд ва онҳо ҳудуди 700 акс ва беш аз 20 навори видеоиро ба мо фиристоданд.

Аксари кулли ин аксу наворҳо ҷолибу диданӣ буд ва саҳфаи интернетии Озодиро рангинтару пурмазмунтар кард. Бахусус аксҳои нодири "Хазинаи Амударё", ки Суҳроб аз осорхонаи Бритониё бардоштааст, лаҳзаҳои нотакрори табиати кӯҳистон дар тасвирҳои хонум Назокат, аксҳои гӯёи Салим аз мушкилоти ронандагон дар ағбаи барфпӯши Анзоб, нигористони пурранги Эраҷ Саодатсайров ва даҳҳо аксу навори дигар мавриди истиқболи хонандагон қарор гирифт.

Аз миёни садҳо маводи фиристодаи меҳмонон мо якчанд аксу навори ҷолибтаринро интихоб ва дар пояи ин матлаб ҷой додаем. Беҳтарин аксҳоро аккос ва аҳли қалами радио интихоб кардаанд.

Радиои Озодӣ аз якояки Шумо, меҳмонони азизи дил дар гӯшаи “Хабарнигори мардумӣ”, сипосгузор аст, ки аксу наворҳои ҷолиби худро мефиристед ва ҳамкорӣ мекунед.

Мо дар соли нави 2011 интизори аксҳо, видеоҳо ва садоҳои бештар ва ҷолибтари Шумоем. Ин минбарро истифода кунед ва паёми худро ба хонандагон бирасонед.

Аксҳои сол

"Маро бисуду фуру рехт, ҳарчи дандон буд..." Бо ин ном ин аксро Муҳаммадлатиф фиристодааст


"Манзилам дар дили кӯҳ". Муаллиф Салоҳиддин


"Вақте мо якҷоем, мо хушбахтем". Муаллиф Маъмура

Шахидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Муаллиф Муҳаммадшариф

Садамаи мошини ёрирасони садамавӣ. Муллиф Ҷамшед

"Ана инро рафики мегӯянд". Муаллиф Ибодулло

"Ана света додан..." Муаллиф Фарҳод Мирсамиев

"Намози занҳо". Муаллиф Холид.








XS
SM
MD
LG