Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони ҳизби ҳукмрони Покистон канор мераванд


Ҳизби калидии эътилофи ҳукмрони Покистон гуфт, ки вазирони худро аз ҳайати ҳукумат бо сабаби нотавониашон дар ҳалли масоили кишвар берун мекунад. Ҳаракати Қавми муттаҳида мегӯяд, ки ду вазири ин ҳизб номаи истеъфои худро имзо кардаанд. Айни замон, ин ҳизб ҳушдор медиҳад, ки ба узвияти ҷиноҳи мухолифин шомил намешавад. Изҳорот чанд ҳафта баъди он пахш шуд, ки гурӯҳи умдаи мазҳабии Ҷамъияти уламои Ислом аз ҳайати эътилофи ба раҳбарии ҳизби мардумии Покистони президенти Осифалии Заардорӣ берун мешавад.
XS
SM
MD
LG